Central AsianResearch Index

МОҲИЯТИ КАФОЛАТҲОИ ҲУҚУҚҲО ДАР ШАРТНОМАИ КОНСЕССИОНӢ: ТАҲЛИЛИ ҲУҚУҚИЮ АМАЛӢ

Табиати кафолатҳои ҳуқуқӣ аз рӯи меъёрҳои ҳуқуқ , восита ва усулҳои муайян, тадбирҳои масъулият ва муҳофизатӣ дар доираи шартномаи консессионӣ баррасӣ шудааст. Масъалаҳои умумии назариявии кафолат мавриди омӯзиш қарор дода шуда, андешаҳои олимони ватанию хориҷӣ перомуни он баррасӣ гардидаанд. Консессия яке аз шаклҳои мураккаби шарикии давлат ва бахши хусусӣ маҳсуб дониста шуда, дар ин замина бандҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи консессияҳо”, ҳамчунин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоягузорӣ» оид ба кафолатҳои ҳифзи сармоягузорӣ ва ҳуқуқҳои сармоягузорон таҳлил карда шудааст. Пешниҳод гардидааст, ки кафолатҳои ҳуқуқи консессиядорон ба гурӯҳҳои зерин ҷудо карда шавад: кафолатҳои моддӣ; кафолатҳое, ки бо мақсади ҳифзи ҳуқуқҳои моликияти консессиядор (кафолатҳои мурофиавӣ) муқаррар карда шудаанд; кафолатҳои истисноии ҳуқуқӣ. Хусусиятҳои шартномаи консессионӣ дар меъёрҳои байналмилалӣ ва қонунгузории кишвар шарҳ дода шудаанд.

Сведения

Опубликовано
2022 · № 4 (93)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2411-1945 · 3005-8023
Издатель
ТГУПБП