Central AsianResearch Index

МОҲИЯТИ ИҚТИСОДИИ РАҚАМИКУНОНИИ ИҚТИСОДИЁТ

Дар мақолаи мазкур таърихи истифодаи иқтисоди рақамӣ ва моҳияти иқтисодии он аз нуқтаи назари олимони давраҳои гуногун мавриди таҳқиқот қарор гирифта, раванди истифодаи рақамикунонӣ дар иқтисодиёти Тоҷикистон, асосҳои меъёрию ҳуқуқии истифодаи он баҳо дода шудааст. Муаллифон тавонистанд моҳияти иқтисодии ибораи мазкурро бо истифода аз "Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", " Барномаи миёнамӯҳлати рушди иқтисоди рақамӣ барои 2021-2025", Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эълон кардани солҳои 2025-2030 ҳамчун "Солҳои иқтисоди рақамӣ ва рушди инноватсионӣ" таҳқиқ намуда, нуқтаи назари муаллифии худро доир ба ин ибора пешниҳод намоянд. Иқтисодиёти инноватсионӣ «фаъолияти иқтисодиест, ки муносибати байни субъектҳоро тавассути истифодаи технологияҳои муосири электронӣ ва дастовардҳои инноватсионӣ ба роҳ монда, бо сарфи ками захираҳои моддӣ ва меҳнатӣ натиҷаҳои самаранок ба даст оварда мешавад».

Сведения

Опубликовано
2026 · Т. 1, № 1
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Узбекский
ISSN
2310-3957
Издатель
Институт экономики и демографии Национальной академии наук Таджикистана