МОҲИЯТИ АМНИЯТИ ИҚТИСОДӢ ВА НАҚШИ ЗАХИРАҲОИ МОДДИИ ДАВЛАТӢ ДАР ОН
Дар мақолаи мазкур мафҳум ва моҳияти амнияти иқтисодии давлат мавриди баррасӣ қарор гирифта, инчунин андешаҳои олимону коршиносони ватаниву хориҷӣ оид ба мафҳуми амнияти иқтисодӣ ва нақши мақомоти давлатӣ дар танзими он оварда шудааст. Амнияти иқтисодӣ яке аз воситаҳои муҳимтарини таъмини амнияти миллӣ дар ҷаҳони муосир буда, он як системаи мураккаб ва бисёрсоҳавӣ буда, фаъолияти самараноки унсурҳои сохтории дигар қисмҳои амнияти миллиро таъмин менамояд. Масъалаи таъмини амнияти иқтисодӣ дар заминаи стратегияи амнияти иқтисодии кишвар басо актуалӣ ва аввалиндараҷа ба ҳисоб рафта, иқтисоди ноустувор зарурати таҳияи маҷмӯи тадбирҳоро ҷиҳати таъмини амнияти он дар ҳама сатҳҳо ба миён меорад. Мафҳуми амнияти иқтисодӣ бо ду равиш шарҳ дода мешавад. Муносибати аввал пешниҳод менамояд, ки амният бояд ҳамчун мавҷуд набудани омилҳои манфии мустақим ё ғайримустақим аз дохил ё берун, ки ба иқтисодиёти кишвар таъсир мерасонад, устувории давлат , суботи молиявии он ва қобилияти рафъи мушкилоти ба вуҷуд омадаро дар шароити бозори тағйирёбанда таъмин менамояд. Муносибати дуюм аз он бармеояд, ки амнияти иқтисодӣ ин ҳифзи муайяни давлат аз омилҳои таъсири беруна ва дохилӣ мебошад, ки ҳамзамон рушди бомуваффақияти онро таъмин менамояд. Хамаи ин ба системаи боэътимоди тадбирхое асос ёфтааст, ки давлатро аз хатару тахдид дафъ кардан ва хифз мекунанд. Дар шароити муосир проблемаи таъмини амнияти давлат на танҳо аз ҷиҳати илмӣназариявӣ, балки аз нуқтаи назари сиёсию амалӣ ҳам дарёфт намудани роҳу воситаҳои оптималии таъмини амният ва ҳифзи манфиатҳои давлат аҳамияти калон пайдо кардааст. Барои бехатарӣ ва амнияти ҳар кишвар таъмини амнияти иқтисодӣ вазифаи муҳимтарин ва аввалиндараҷа арзёбӣ гардида, омӯзиши амиқ ва ҳамаҷонибаи хусусиятҳо, омилҳо, мушкилот ва дурнамои ин масъаларо талаб мекунад.
Сведения
- Опубликовано
- 2024 · № 4.1
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2663-0389
- Издатель
- Таджикский государственный финансово-экономический университет