МОҲИЯТ ВА МАЗМУНИ КОРҲОИ ИСЛОҲӢ
Масъалаи моҳият ва мазмуни корҳои ислоҳӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шудааст. Зимни таҳқиқи андешаҳои олимони ватанию хориҷӣ ва қонунгузории миллию санадҳои байналмилалӣ моҳият ва мазмуни ҷазои ҷиноятӣ дар намуди корҳои ислоҳӣ баррасӣ шудааст. Хулоса шудааст, ки корҳои ислоҳӣ ҷазое мебошад, ки дар ҷои кори маҳкумшуда ё дар ҷойҳои дигаре, ки мақомоти иҷрокунандаи ҳукм муайян менамояд, вале дар маҳалли истиқоматии маҳкумшуда ба муҳлати муайян таъин гардида, фоизи муайян аз музди меҳнати маҳкумшуда ба фоидаи давлат нигоҳ дошта мешавад ва як қатор маҳдудиятҳои ҳуқуқӣ доир ба моликият ва меҳнат, ширкати ҳатмӣ дар иҷрои кор дар маҳалли фаъолият, ҷойҳои дигар ва маҳалли зиндагии вобаста ба назорати шахси маҳкумшуда ва гузаронидани корҳои ислоҳӣ бо вайро пешбинӣ менамояд. Таҳқиқот нишон медиҳад, ки моҳияти корҳои ислоҳӣ гуфта, ниҳод ва ё табиати ҷазои мазкур фаҳмида мешавад. Қонунгузор мазмуни ҷазои ҷиноятиро дар намуди корҳои ислоҳӣ пурра ифшо намекунад. Қонунгузории ҷиноятӣ субъектҳои ҷазо, ҷои адои ҷазо ва муҳлати корҳои ислоҳиро муайян мекунад. Бинобар ин, дар баробари хусусиятҳои умумии ҷазо, он хусусиятҳои сифатии мазмуни корҳои ислоҳӣ , масалан, ҳангоми тавсифи дигар, алтернативаи ҷазои маҳрум сохтан аз озодиро муайян намекунад. Бо назардошти он ки қонунгузорӣ мафҳуми корҳои ислоҳиро муқаррар накардааст, зарурат ба миён меояд, ки масъалаи мазкур мавриди таҳлили васеъ қарор дода шуда, мафҳуми мушаххасу дақиқи он дар қонунгузории ҷиноятӣ пешбинӣ карда шавад.
Сведения
- Опубликовано
- 2024 · Т. 100, № 3
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2411-1945 · 3005-8023
- Издатель
- ТГУПБП