Central AsianResearch Index

МОҲИЯТ ВА МАЗМУНИ КОРҲОИ ҲАТМӢ ҲАМЧУН НАМУДИ ҶАЗОИ ҶИНОЯТӢ

Масъалаи моҳият ва мазмуни корҳои ҳатмӣ ҳамчун намуди ҷазои ҷиноятӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шудааст. Зимни таҳқиқи андешаҳои олимони ватанию хориҷӣ ва меъёрҳои қонунгузорӣ, мафҳум ва мазмуни корҳои ҳатмӣ муайян карда шудааст. Хулоса шудааст, ки корҳои ҳатмӣ ҳамчун намуди ҷазои ҷиноятӣ дар қонунгузории ҷиноятии кишвар муқаррар гардида, дорои мазмуну моҳияти худ мебошад. Моҳият ва мазмуни корҳои ҳатмӣ ҳамчун ҷазои ҷиноятӣ дар он ифода меёбад, ки зимни он маҳкумшуда ба кори фоиданоки ҷамъиятӣ ба таври бемузд машғул гардида, бо ин восита гуноҳи худро дар назди ҷомеа ҷуброн менамояд. Ҷазои мазкур дорои оқибатҳои сазоӣ буда, ҳамчун чораи ислоҳи маҳкумшуда баромад мекунад. Моҳият ва мазмуни корҳои ҳатмиро ҳамчун ҷазои ҷиноятӣ ҳамзамон хусусият ва аломатҳои он ифода мекунанд. Таҳқиқот собит месозад, ки кор, меҳнат ҳамчун воситаи ислоҳи шахси маҳкумшуда баромад мекунад. Ба туфайли меҳнат , раванди ислоҳи шахси маҳкумшуда дар рӯҳияи эҳтиром гузоштан ба манфиатҳои ҷомеа, рушди малакаҳои корӣ ва хусусиятҳое аз қабили интизомнок будан, софдилона амал кардан ва риояи қонун амалӣ мегардад. Дар баробари ин, бояд ба назар гирифт, ки меҳнат , кор як мафҳуми илмии абстрактӣ мебошад ва дар шакли мафҳуми холис вуҷуд надорад.

Сведения

Опубликовано
2024 · Т. 101, № 4
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2411-1945 · 3005-8023
Издатель
ТГУПБП