Central AsianResearch Index

МOҲИЯТ ВА ХУСУСИЯТИ КОНСЕПТҲОИ ФАРҲАНГӢ ДАР ТАСВИРИ ЗАБОНИИ ҶАҲОН

Муаллиф зимни таҳлилу таҳқиқи маводи омоданамуда кӯшиш ба харҷ додааст, то аз сарчашмаҳо ва бурҳонҳои амиқи илмӣ истифода намояд. Дар мақолаи маскур консепти фарҳангӣ ҳамчун арзиши умумии инсонӣ ва арзиши миллӣ-фарҳангӣ мавриди таҳлил қарор дода шудааст. Зикр мегардад, ки муҳтавои консепт ҳамчун воҳиди тасвири забонии олам ҳамеша дорои хусусияти миллист, яъне он хусусиятҳои фарҳанг ва ҷаҳонбинии ҷомеаи мушаххаси лингвокултуриро инъикос менамояд. Аз ин рӯ, омӯзиши ҳар як консепт барои бозсозии тасвири забонии ҷаҳон арзиши илмӣ дорад. Дар мақола исбот мегардад, ки таҳқиқи консептҳои фарҳангӣ ба шиносоии хусусиятҳои этникии тарзи тафаккури халқ мусоидат мекунад, ки худ ҳамчун намунаи фарҳанг ва яке аз ҷанбаҳои фарҳанги маънавӣ мебошад. Дар анҷоми мақола таъкид мешавад, ки тафаккур ва руҳияи халқу миллат маҳз тавассути консептҳои калидии фарҳангӣ таҷассум меёбанд ва маҳз ба воситаи онҳо тасаввуроти дорандагони ин лингвокултура аз ҷаҳони атроф муайян карда мешавад.

Сведения

Опубликовано
2025 · № 4 (117)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2219-5408
Издатель
Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни