МИСРАЪҲОИ АРАБИ ДАР МАКТУБОТИ АЙНУЛқУЗОТИ ҲАМАДОНИ
Китоби « Номаҳо »-и Айнулқузоти Ҳамадонӣ , ки ба эҳтимоми Алинақии Мунзавӣ ва Афифи Усайрон дар се муҷаллад чоп шудааст, дар маҷмӯъ фарогири 159 нома мебошад, ки аз онҳо 157 нома ба забони форсӣ ва танҳо ду нома ба забони арабӣ навишта шудаанд. Айнулқузот дар 81 номаи форсии худ барои шоҳид ва тақвияти фикр 221 байт ва 10 мисраи арабӣ оварда, дар 76 номаи форсӣ ва 2 номаи арабӣ ашъори арабиро ба кор набурдааст. Муаллиф дар ин мақола бо такя ба сарчашмаҳои боэътимод ва девони ашъор кӯшиш намудааст, ки муаллифи аслӣ ва нусхаи саҳеҳи қисме аз мисраъҳои арабии номаҳоро муайян созад. Аз таҳқиқот ва хулосаҳои муаллиф равшан мешавад, ки номаҳои Айнулқузот на танҳо намунаи беназири насри ирфонии асри дувоздаҳуми милодӣ, балки ҳамчун сарчашмаи боэътимоди адабӣ метавонанд дар муаррифӣ ва тасҳеҳу таҳияи нусхаҳои илмӣ- интиқодии девони ашъори суханварони арабизабон хидмат намоянд.
Сведения
- Опубликовано
- 2021 · № 3 (88)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Узбекский
- ISSN
- 2413-2004 · 3005-849X
- Издатель
- ТГУПБП