Central AsianResearch Index

МЕЪЁРҲОИ АРЗЁБИИ САМАРАБАХШИИ ШАКЛҲОИ АМАЛӢ ГАРДОНИДАНИ СИЁСАТИ ИҚТИСОДИИ МИНТАҚА

Мафҳумҳои “самарабахшии амалӣ гардонидани сиёсати минтақавии рушди иқтисодӣ”, “самарабахшӣ” ва “ натиҷабахшӣ ” мавриди таҳлил қарор гирифтааст. Методикаи арзёбии самарабахшии механизми танзими равандҳои рушди иқтисодии минтақа муайян карда шудааст. Гурӯҳбандии нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодии минтақа , ки дар илми иқтисод истифода мешаванд, сурат гирифтааст. Марҳилаҳои алгоритми арзёбии самарабахшии фаъолияти механизми таҳия ва амалигардонии сиёсати рушди иқтисодии минтақа муайян карда, нишондиҳандаҳои арзёбӣ ба блокҳо ҷудо карда шудаанд. Зикр гардидааст, ки андозагирии самарабахшии сиёсати минтақавӣ мумкин аст, тавассути натиҷаи амалҳои самтҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, таърихӣ-фарҳангӣ ва ҷамъиятӣ муайян карда шавад.

Сведения

Опубликовано
2023 · Т. 96, № 3
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2411-1945 · 3005-8023
Издатель
ТГУПБП