Central AsianResearch Index

МЕТОДОЛОГИЯИ ТАҲЛИЛИ ХАВФҲОИ ҚАРЗӢ ДАР БАХШИ БОНКИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Фаъолияти қарзии бонкҳо аз зумраи амалиёти фаъоле мебошад, ки ҳиссаи он қисми зиёди дороиҳои тавозуниро ташкил медиҳад. Дар ин алоқамандӣ ба фаъолияти бонкҳо номгӯи зиёди хавфҳои эҳтимолӣ таъсиррасон аст, ки муҳимтарини он хавфҳои қарзӣ мебошанд. Дар ин мақола равишҳои таҳлили хавфҳои қарзӣ мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст. Ба андешаи муаллифон, барои идоранамоии хавфҳои қарзӣ дар бонк, пеш аз ҳама, баинобатгирии методҳои баэътидоломада дар сиёсати қарзӣ мувофиқи мақсад мебошад. Аз ин рў, дар мақола усулҳои мухталифи таҳлил ва баҳодиҳии хавфҳои қарзӣ бо назардошти меъёрҳои амалкунанда ва таҷрибаи амаливу назариявӣ муайян ва тасниф шудаанд.

Сведения

Опубликовано
2022 · № 4.1 (33)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2663-0389
Издатель
Таджикский государственный финансово-экономический университет