Central AsianResearch Index

МЕТОДОЛОГИЯИ БАҲИСОБГИРИИ ИДОРАКУНӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ХОҶАГИИ ҚИШЛОҚ

Дар мақолаи илмӣ оид ба ташкил ва методологияи баҳисобгирии идоракунӣ дар ташкилотҳои хоҷагии қишлоқ маълумотҳо оварда таҳлилҳо гузаронида шудааст, ки он мақсади асосии татбиқнамоии ин самти иқтисодиёт мебошад. Дар шароити муосир баҳисобгирии идоракунӣ ва таҳлили ташкилоти кишоварзӣ воситаи зарурие мебошад ки ба самаранокии фаъолияти молиявию хоҷагидории ташкилот таъсири бевосита мерасонад. Дар айни замон муносибат ба такмил додани ташкил ва инкишоф додани усулҳои идоракунии таҷҳизоти ҳисобу китоб ва таҳлили ташкилотҳои хоҷагии қишлоқ тағйирёбанда мебошад, ки оид ба ин гуна мафҳумҳо низ дар мақола маълумотҳо оварда шудааст. Инчунин дар мақола оид ба хусусиятҳои баҳисобгирии идоракунӣ , ташкилотҳои истедсолоти хоҷагии қишлоқ , сикли идоракунӣ , вазифаҳои асосии баҳисобгирии идоракунӣ , ташкили ҳисобгирӣ дар хоҷагии қишлоқ , маълумотҳо оварда татбиқи онҳоро дар самти хоҷагиҳои қишлоқ баррасӣ ва пешниҳод карда шудааст. Яке аз самтҳои прогрессивии такмили технологияҳои идоракунӣ дар соҳаи кишоварзӣ метавонад таъсиси системаи баҳисобгирии стратегии идоракунӣ бошад, ки мақсади асосии он арзёбии сатҳи рақобатпазирии ташкилот ва сифати стратегияи қабулшудаи рушди фаъолияти молиявию хоҷагиҳои соҳаи кишоварзӣ мебошад, ки доир ба ин мафҳумҳо низ дар мақола маълумот оварда шудааст. Қайд намудан мумкин аст, ки масъалаҳои тартиб додани методологияи баҳисобгирии стратегии идоракунӣ актуалӣ ва амалан муҳим буда, гарави зиёд кардани самараи истеҳсолоти хоҷагии қишлоқ мегарданд. Тадқиқотчиёни дохилию хориҷӣ оид ба баҳисобгирии идоракунӣ дар рушди афкори илмӣ саҳми арзанда гузоштаанд, вале вазъи кунунии иқтисодиёт такмили минбаъдаи технологияҳои иттилоотии банақшагирии стратегӣ, баҳисобгирии идоракунӣ , назорат ва таҳлилро бо дарназардошти хусусиятҳои хоҷагии қишлоқ ба инобат мегирад, ки оид ба ин гуна мафҳумҳо дар мақола маълумотҳо оварда шудаанд.

Сведения

Опубликовано
2022 · № 2.1 (31)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2663-0389
Издатель
Таджикский государственный финансово-экономический университет