Central AsianResearch Index

МЕТОДИКАИ ТАҲИЯИ ҲИСОБОТИ МОЛИЯВИИ МАҶМУИИ БОНКҲО МУТОБИҚИ СБҲМ

Дар мақола моҳият ва таркиби ҳисоботи молиявии маҷмуӣ баррасӣ шуда, тафсири муаллифии мафҳумҳои ҳисоботи молиявии ҷамъбастӣ ва ҳисоботи молиявии 259 маҷмуӣ пешниҳод гардидааст. Усулҳои таҳияи ҳисоботи молиявии маҷмуӣ (усули харид, усули иштироки ҳиссавӣ, усули муттаҳидкунии мутаносиб) тибқи талаботи СБҲМ оварда шуда, мазмуни ҳар як усули муттаҳидкунӣ шарҳ дода шудааст. Инчунин тибқи талаботи СБҲМ (IFRS) 10 “Ҳисоботи молиявии маҷмуӣ” расмиёти муттаҳидкунӣ оварда шудааст. Методикаҳои таҳияи ҳисоботи молиявии маҷмуӣ дар асоси омӯзиши адабиёти илмӣ шарҳ дода шуда, дар заминаи онҳо ва такя ба таҷрибаи амалия аз ҷониби муаллиф алгоритми таҳияи ҳисоботи молиявии маҷмуӣ таҳия ва пешниҳод шудааст. Алгоритми пешниҳодшуда чор марҳила омодагӣ ва методӣ, амалӣ, ҷамъбастӣ, баҳодиҳӣ ва назоратро дарбар гирифта, ба ҳар яки он расмиёти таҳлилию баҳисобгирӣ муайян карда шудааст. Натиҷаҳои таҳқиқот барои баланд бардоштани самаранокии пешбурди баҳисобгирӣ ва такмили низоми таҳияи ҳисоботи молиявии бонкҳо мусоидат мекунад.

Сведения

Опубликовано
2023 · № 2 (36)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2663-0389
Издатель
Таджикский государственный финансово-экономический университет