Central AsianResearch Index

МЕТОДҲОИ МУАЙЯН НАМУДАНИ ҲОЛАТИ ПСИХОФИЗИОЛОГИИ РОНАНДА

Ҳар як инсон ба худ хусусиятҳои психофизиологии хосро дорад, ки тағйир додани он бисъёр масъалаи мушкил ба ҳисоб меравад ва баъзан номумкин аст. Вале донистани холати психофизиологии худ, ки чи гуна метавонад ба малакаи ронандагӣ ва муваффақияти шумо ҳангоми ҳаракат дар роҳ таъсир расонад, муҳим аст. Аз ин рӯ, дар мақолаи мазкур масъалаҳои муҳими психофизиологӣ, рафторӣ ва иҷтимоии бехатарии ҳаракати роҳ баррасӣ гардидааст, ки нақши онҳо дар коҳиш додани хатари ҳолатҳои фавқулода ва садамаҳои нақлиётӣ назаррас мебошад. Муаллифон зарурати такмили доимии малакаҳои касбии ронандагӣ ва рушди қобилиятҳои идоракунии воситаи нақлиётро ҳамчун омили асосии баланд бардоштани сатҳи бехатарии ҳаракат дар роҳ таъкид менамояд. Дар асоси таҳлили адабиётҳои илмӣ ва меъёрҳои байналмилалӣ хусусиятҳои психофизиологии ронанда , аз ҷумла қобилиятҳои диққат, вокуниш, мутобиқшавӣ ба шароити тағйирёбандаи роҳ, таъсири стресс ва омилҳои эҳсосӣ ба рафтори ронанда шарҳ дода шудааст. Дар мақола усулҳои гузаронидани санҷиши қобилияти биниш ва аксуламали ронанда ба тариқи тестҳо оварда шудааст, ки метавон барои муайян кардани қобилияти биниш ва аксуламали ронанда истифода шуд. Омилҳои эҳсосӣ ва психофизиологии ронанда , ки метавонанд ба қабули қарорҳо ва рафтори идоракунӣ таъсири манфӣ расонанд, мавриди таҳқиқ қарор дода шаудааст.

Сведения

Опубликовано
2026 · Т. 10, № 2
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Узбекский
ISSN
3078-395X
Издатель
Высшая аттестационная комиссия при Президенте Республики Таджикистан