Central AsianResearch Index

МЕРОСИ ФАРҲАНГИИ ТОҶИКОН ТО ҲУҶУМИ АРАБҲО

Дар мақолаи масъалаи мероси фарҳангии тоҷикон то ҳуҷуми арабҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Муалллиф, зимни таҳқиқот хулоса кардааст, ки вақтҳои охир бар асари таблиғоти нодуруст фикрҳое ба миён омадаанд, ки бар асоси он тамаддуни тоисломии аҷдодони тоҷик ночиз пиндошта шуда, ё рад карда мешаванд. Сарчашмаҳои таърихӣ ва бозёфтҳои бостоншиносӣ шаҳодат медиҳанд, ки то ҳамлаи арабҳо дар сарзамини Осиёи Миёна тамаддуни дурахшоне вуҷуд дошт, ки намунаҳои онро дар шаҳрсозӣ , ҳунармандӣ, тиҷорати байналмилалӣ ва рушди илму адабиёт метавон мушоҳида кард. Кишоварзии бонизом ва обёрии ҳавзаи Варорӯд яке аз беҳтарин навъҳои зироаткории муқимӣ дар таърихи ҷаҳон дониста мешавад. Умуман, дар мақола маълумотҳои муҳимтарин оиди дастовардҳои фарҳангии тоҷикон то ҳуҷуми арабҳо ва паҳншавии ислом оварда шудаанд.

Сведения

Опубликовано
2024 · Т. 1, № 1
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
3079-1758
Издатель
Таджикский педагогический институт в Раштском районе