Central AsianResearch Index

МЕХАНИЗМИ РУШДИ ИҚТИДОРИ СОДИРОТИИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ

Дар мақолаи зикр гардида таҳлилу раванд ва нақши механизми ҳавасмандгардонии давлатии содиротӣ дар рушди иқтидори содиротии иқтисоди миллӣ пешниҳод гардидааст. Таҷриба нишон медиҳад, ки инкишофи иқтисодӣ нафақат равиши мукаммали ҳамешафаъоли истеҳсоли молу маҳсулот ва хизматҳоро дар бар мегирад, ҳатто ин рафти дигаргуншавии мусбии пайдарпайро дар ҳаракати маҳсулоти ҷамъиятӣ тақозо менамояд. Ҳамчунин сохтори оптималии содирот эҳтиёҷ ва ниёз ба гирдоварии заминаҳои шароити истеҳсолӣ бо мақсади амалигардонии навгониҳои истеҳсолот дорад. Албатта масъалаи зикргардида, шаҳодати онро медиҳад, ки рушди иқтисодӣ ҷараёнест бо алоқамандии тамсилаи эътирофшудаи рушд ва яке аз самти расидан ба ин мақсад амалигардонии назарраси тағйироти сохтории иқтисодиёт мебошад.

Сведения

Опубликовано
2026 · Т. 1, № 1
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2310-3957
Издатель
Институт экономики и демографии Национальной академии наук Таджикистана