Central AsianResearch Index

МЕХАНИЗМИ ИДОРАКУНИИ ТАШАККУЛИ ФАЪОЛИЯТИ МАРКЕТИНГӢ ДАР БОНКИ ТИҶОРАТӢ

Сохтори ташкилии фаъолияти маркетингӣ дар бонкҳо, зарурат ва аҳаммияти маркетинг дар бахши бонкӣ мавриди таҳлил қарор гирифтааст. Унсурҳои комплекси идоракунии маркетинг зикр шудааст, ки бояд барои фаъолияти бомуваффаққияти бонки тиҷоратӣ амалӣ гардонида шаванд. Қайд шудааст, ки маркетинг бояд ба фалсафаю сиёсати ба худ хоси бонк табдил ёбад. Самтҳои сохтори ташкилии хадамоти маркетинг номбар шудаанд. Ҷиҳатҳои қавӣ ва заифи намудҳои ташкили фаъолияти маркетингӣ дар корхонаҳо ва бонкҳо тавсиф гардидаанд. Принсипҳои асосии маркетинги бонкӣ ва роҳҳои баланд бардоштани самаранокии фаъолияти маркетингӣ оварда шудаанд. Ҷиҳати идоракунии ташаккули фаъолияти маркетингӣ дар бонки тиҷоратӣ ва ноил шудан ба ҳадафҳои маркетингии бонк таклифҳо пешниҳод гардидаанд.

Сведения

Опубликовано
2023 · Т. 96, № 3
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2411-1945 · 3005-8023
Издатель
ТГУПБП