МЕХАНИЗМИ ДАСТГИРИИ ДАВЛАТИИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА ДАР СОҲАИ КИШОВАРЗӢ
Дар мақола масъалаҳои танзими давлатии соҳибкории хурду миёнаи соҳаи кишоварзӣ баррасӣ шудааст. Қайд карда шуд, ки яке аз самтҳои муҳими сиёсати иқтисодии ҳар як кишвар дар шароити рушди муносибатҳои бозоргонӣ ҳавасмандгардонии соҳибкорӣ ба шумор меравад. Ҳавасмандгардонии соҳибкорӣ пеш аз ҳама аз тарафи давлат ба воситаи танзими давлатии самараноки фаъолияти соҳибкорӣ имконпазир мегардад. Диққати махсус ба масъалаҳои дастгирии давлатӣ дар шакли пешниҳоди имтиёзҳои мухталифи андозбандиву дигар намудҳои пардохти давлатӣ ва маблағгузории соҳа дода шудааст. Дар мақола инчунин таъкид шудааст, ки соҳибкории хурду миёна дар соҳаи кишоварзӣ дар заминаи танзими самараноки давлатӣ дар шакли дастгирии молияввию инфрасохтори имконпазир мегардад.
Сведения
- Опубликовано
- 2025 · № 2 (45)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2663-0389
- Издатель
- Таджикский государственный финансово-экономический университет