Central AsianResearch Index

МЕХАНИЗМҲОИ ЮРИДИКИИ ҶУБРОНИ ЗАРАР ВОБАСТА БА МАРГИ ШАХСИ ВОҚЕӢ РАСОНДАШУДА

Дар мақолаи мазкур мушкилоти ҷуброни зараре , ки дар натиҷаи марги шахси воқеӣ расонида шудааст, баррасӣ мешавад. Муаллиф меъёрҳои Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ин соҳаи муносибатҳои ҳуқуқиро танзим мекунанд, муфассал таҳлил кардааст. Дар доираи мақолаи мазкур масъалаҳои субъектҳои ӯҳдадорӣ, доираи шахсони ба ҷуброн ҳуқуқдошта, мӯҳлати ҷуброн, андозаи ҷуброн ва масъалаҳои дигар муайян карда мешаванд. Қайд карда мешавад, ки мақоми фавтида ҳамчун субъекти уҳдадорӣ дақиқ муайян карда нашудааст. Даромад ва манфиатҳои шахсии вобаста ба онҳо, имтиёзҳо ва дигар дастгириҳо, ки фавтида бархурдор аст, хусусиятҳои кори мавсимӣ аз мадди танзими ҳуқуқӣ дур мондааст. Муаллиф ба хулосае омадааст, ки меъёрҳои ҷуброни зараре , ки дар натиҷаи марги шахси воқеӣ расонида шудааст, камбудиҳои зиеди қонунгузорӣ ва номуайянӣ дорад ва аз нуқтаи назари афкори илмӣ ба қадри кофӣ омӯхта нашудааст. Дар мақола барои бартараф намудани камбудиҳои қонунгузорӣ ва равшан намудани баъзе фикру мулоҳизаҳои назариявӣ пешниҳодҳои муаллифӣ ироа мегарданд.

Сведения

Опубликовано
2024 · № 1 (40)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2663-0389
Издатель
Таджикский государственный финансово-экономический университет