Central AsianResearch Index

МЕХАНИЗМҲОИ ТАЪМИНОТИ ИНСТИТУТСИОНАЛӢБАРОИ РУШДИ НИЗОМИ ИННОВАТСИОНИИ МИНТАҚА

Дар мақола мазмуни низомҳои инноватсионии минтақавӣ ва механизмҳои таъминоти институтсионалии ташаккул ва рушди онҳо дар минтақаҳои мамлакат баррасӣ карда шудааст. Муаллифон асоснок менамоянд, ки маҳз рушди индустриалии иқтисодиёти кишвар ва минтақаҳои он заминаи ташаккули низомҳои инноватсионӣ дар минтақаҳо мебошад. Азбаски рушди саноат , аз як тараф, натиҷаи рушди инноватсионӣ мебошад ва аз тарафи дигар, дар натиҷаи рушди минтақа корхонаҳои навъи муосири саноатӣ талабот ба инноватсия ва хизматрасониҳои инноватсиониро фароҳам меорад. Дар робита ба ин, дар мақола тамоюли рушди саноат дар минтақаҳои ҷумҳурӣ, сатҳи иҷрои санадҳои қонунгузорӣ ва ҳуҷҷатҳои стратегӣ дар соҳаи таъмини рушди инноватсионӣ таҳлил ва мушкилоти дар ин ҷода муайяншуда ошкор гардидааст. Як қатор пешниҳодҳо оид ба таъсиси институтҳои нав, ки ба татбиқи сенарияи соҳавии рушди инноватсионии кишвар ва минтақаҳои он мусоидат мекунанд, асоснок карда шудаанд.

Сведения

Опубликовано
2021 · № 3 (27)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2663-0389
Издатель
Таджикский государственный финансово-экономический университет