Central AsianResearch Index

МЕХАНИЗМЊОИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ ХИЗМАТРАСОНИЊОИ ИЉТИМОӢ ДАР ДОИРАИ ТАБДИЛДИЊИИ РАЌАМЇ

Дар мақола ҷанбаҳои муҳими механизмҳои баланд бардоштани хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар доираи табдилдиҳии рақамӣ барои аҳолӣ дарҷ гардидааст. Механизмҳои баланд бардоштани малакаҳои рақамии аҳолӣ дар заминаи технологияҳои иттилоотӣ ҷузъи муҳими рушди иқтисодии ҳар як кишвар ба ҳисоб рафта, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ, инчунин, ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ва баланд бардоштани фаъолияти он дониста мешавад. Рушди хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар доираи табдилдиҳии рақамӣ ҳамчун қобилияти татбиқи донишҳои муосир, малакаҳои нав ва сифатҳои шахсӣ барои фаъолияти муваффақ дар истифодаи барномаҳои компютерӣ, Интернет-хизматрасониҳо , технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ ( ТИК ) дар ҳама самтҳо ва ҳаёти ҷамъиятӣ фаҳмида шуда, ҳамаи онҳо дар доираи фаҳмишҳои нави малакаҳои рақамии аҳолӣ ба роҳ монда мешавад. Малакаҳои рақамӣ ба одамон имкон медиҳанд, ки мундариҷаи рақамиро эҷод ва мубодила кунанд, муошират кунанд ва мушкилотро барои худшиносии муассир ва эҷодӣ дар омӯзиш, кор ва фаъолиятҳои иҷтимоӣ дар маҷмуъ, ҳал намоянд.

Сведения

Опубликовано
2023 · № 4.2 (39)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2663-0389
Издатель
Таджикский государственный финансово-экономический университет