МАЗМУНУ СОХТОРИ РИСОЛАҲОИ «АЛ-АДАБ-УЛ-КАБИР» ВА «АЛ-АДАБ-УС-САҒИР»-И АБДУЛЛОҲ ИБНИ МУҚАФФАЪ
Рисолаҳои панду ахлоқии «Ал-Адаб-ул-кабир» ва «Ал-Адаб-ус-сағир» -и Ибни Муқаффаъ дар байни асарҳои ӯ ва адабиёти араб шуҳрати беандозаро касб намудаанд. Нависанда дар рисолаҳои мазкур, ки китобҳои дорои арзиш ва аҳамияти бузурге мебошанд, назари хирадмандонаи хешро ба тамоми зиндагии инсон, муомилаю ахлоқ, адабиёт, ҳаёту рӯзгор ва андешаҳои онҳо равона месозад. Агар Ибни Муқаффаъ насиҳатҳои писандидаи хешро дар «Ал-Адаб-ус-сағир» барои оммаи васеи мардум дар назар гирифта бошад, пас дар «Ал-Адаб-ул-кабир» ба ҳокимони давр муроҷиат мекунад. Бояд таъкид намуд, ки таъсири амиқи андешаҳои фалсафӣ ва фарҳанги юнонӣ, форсӣ ва ҳатто ҳиндӣ дар ҳар ду китоб ҳис гардида, ақлу хирад сарчашмаи асосии маърифат ва мушкилкушои масъалаҳои ахлоқӣ ва иҷтимоӣ маҳсуб мешаванд. Рисолаҳо дидгоҳи Абдуллоҳ ибни Муқаффаъро дар бораи аҳаммияти ахлоқ дар ташаккули шахсияти инсон инъикос мекунад. Муаллифи мақола сарчашмаҳо ва адабиёти илмии дастрасро баррасӣ намуда, ба он хулоса омад, ки асарҳои «Ал-Адаб-ул-кабир» ва «Ал-Адаб-ус-сағир» -и Абдуллоҳ ибни Муқаффаъ аҳамияти бузурги панду насиҳатӣ ва тарбиявӣ дошта, барои дарки арзишҳои ахлоқӣ ва роҳҳои амалисозии онҳо дар ҳаёти рӯзмарраи сиёсатмадорон ва ҳар як фарди ҷомеа як дастуруламали муҳим маҳсуб мешавад.
Сведения
- Опубликовано
- 2025 · № 3 (116)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Узбекский
- ISSN
- 2219-5408
- Издатель
- Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни