МАЗАММАТИ ТАМАЪ ДАР НАСРИ АХЛОҚИИ ВОИЗИ ҚАЗВИНӢ
Дар ин мақола роҷеъ ба тамаъу тамаъкорӣ ва мазаммати онҳо дар насри ахлоқии Воизи Қазвинӣ баҳс шудааст. Бо истифода аз методҳои муқоисавӣ-таърихӣ, шарҳи осори адабӣ, шинохти анвои адабӣ, омор собит карда шудааст, ки Воиз тамаъ , тамаъҷӯӣ ва ба инҳо монанд амалҳои номатлуби замони худро ба далелҳои ба худ хос танқид кардааст. Вай муҳтоҷӣ, нодорӣ ва ниёзмандиро боиси тамаъҷӯӣ донистааст. Аммо аз тарафи дигар адиб ин амалро як навъ одат ҳисобида, инсонҳое, ки ба он даст мезананд, накуҳиш намудааст. Адиб барои бартараф шудани ҳисси тамаъҷӯӣ ва бартараф кардани сабабҳои бавуҷудорандаи он интихоби касбу ҳунарҳои мувофиқеро пешниҳод кардааст. Аз ҷумлаи пешаҳое, ки инсонро аз муҳтоҷӣ ва тамаъкорӣ мераҳонад, деҳқонӣ, тиҷорат, оҳангарӣ ва монанди инҳо мебошад. Ба пиндори адиб ҳар касе ки ба кору амале шуғл меварзад, вай ниёзҳои худро ба ин восита бароварда месозад ва ба тамаъкорӣ даст намезанад. Дар маҷмуъ, андешаҳои адиб дар хусуси мазаммати тамаъ аҳамияти амалии худро имрӯз низ ҳифз кардаанд.
Сведения
- Опубликовано
- 2025 · № 2 (115)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2219-5408
- Издатель
- Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни