Central AsianResearch Index

МАВЗУИ ИШҚ ДАР ЭҶОДИЁТИ ФАРИДУН МУШИРӢ

Мақола ба таҳлили мавзуи ишқ дар осори Фаридун Муширӣ бахшида шудааст ва аҳамияти онро дар эҷодиёти шоири муосири форсӣ нишон медиҳад. Воқеан ишқ дар шеърҳои Муширӣ на танҳо ҳамчун эҳсоси шахсӣ, балки ҳамчун қувваи созанда ва нерӯи эҷодӣ барои инсон ва ҷомеа нақш мебозад. Мавзӯи ишқ дар осори ӯ шаклҳои гуногун дорад: ишқи инсонӣ, меҳрварзӣ байни мардум ва алоқа бо табиат . Муширӣ бо истифодаи забони сода, равон ва оҳангини шеърӣ, ҳиссиёт ва авотифи инсонро ба таври ошиқона ва ҳамзамон самимӣ ба хонанда мерасонад. Дар ин мақола мисолҳои гуногуни шеърии шоир, аз ҷумла «Заҳри ширин» ва «Охирин ҷуръаи ин ҷом»-ро таҳлил карда, тарзи баёни ишқро ҳамчун нерӯи таъсиррасон нишон медиҳад. Шоир тавассути тасвири ошиқона ва назари эстетикӣ ба муносибати инсон бо табиат , муҳити иҷтимоӣ ва арзишҳои маънавӣ диққат медиҳад. Таҳқиқ нишон медиҳад, ки эҷодиёти Фаридун Муширӣ ҳамчун намунаи рушду таҷассумёбии шеъри муосир бо тамоюли баён ва таҷрибаи инсониву иҷтимоӣ аҳамияти хоса дорад. Мавқеи марказии инсон ва эҳсосоти ӯ, ҳамзамон мутобиқати шеър бо олами воқеӣ ва хаёли инсонӣ, ин осорро барои таҳқиқоти адабӣ ва фарҳангӣ арзишманд мегардонад.

Сведения

Опубликовано
2026 · № 1
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
3105-9228
Издатель
Комитет по начальному и среднему профессиональному образованию при Правительстве Республики Таджикистан