Central AsianResearch Index

МАВЗӮИ ОИЛАВУ ОИЛАДОРӢ ВА СИМОИ ЗАН ДАР «ПАНЧАКЯНА»

Маҷмуаи ҳикоятҳои «Панчатантра» («Панҷ китоб») ба забони санскрит дар ҳудуди асрҳои III-IV аз ҷониби Вишну Шарман-ном бараҳмани ҳинду таълиф гардида, барои тарбияи шоҳзодагон ва ба онҳо омӯзонидани ойини давлатдорӣ, адолатпешагию додгустарӣ ва раиятпарварӣ пешбинӣ шудааст. «Панчатантра» беш аз 200 дафъа ба зиёда аз 60 забони дунё тарҷума шудааст. Якчанд таҳрири «Панчатантра» ба забони форсӣ низ мавҷуд аст ва яке аз онҳо китоби «Панчакяна» ( таъл. 1612-1613) ба қалами адиби форсизабони қарни ХVII Ҳиндустон – Мустафо Холиқдод Ҳошимии Аббосӣ тааллуқ дорад. Арзиши муҳимми «Панчакяна» дар он зоҳир мегардад, ки тарҷумаи он аз асли китоби «Панчатантра» мустақиман калима ба калима аз санскрит ба форсӣ бо ҳифзи комили муҳтавои матни аслӣ сурат гирифтааст. Дар назариёти ахлоқии муаллифи асар дар баробари масоили дигари тарбиявӣ масъалаҳои оиладорӣ, тарбияи фарзанд, хулқу атвори занон низ ҷойгоҳи хоссае касб намудааст. Дар асар симои ҳам занони фосиқу бадкирдор ва ҳам баиффату порсо офарида шудааст. Нависанда саодатмандии оила ва зиндагии ободу саботи хонаводаиро дар хубкирдории зан , вафову садоқати ӯ ба шавҳар ва тамкину фиросати ӯ мебинад. Аз нигоҳи муаллиф духтарон дар вақти ҳаллу фасли тақдиру сарнавишти худ бояд соҳибихтиёр бошанд, ба волидайн фикри худро дар ҳалли масъалаи тақдирсоз, чун интихоби ҳамсар шуурона баён намоянд. Волидайн низ бояд дар ҳалли ин масъала хоҳишу мароми фарзандашонро ба инобат гиранд.

Сведения

Опубликовано
2023 · Т. 96, № 3
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2413-2004 · 3005-849X
Издатель
ТГУПБП