Central AsianResearch Index

МАВҚЕИ ВОЖАИ «ОТАШ» ДАР ТАШАККУЛИ КАЛИМАҲОИ МУРАККАБ ДАР НАЗМИ БЕДИЛ

Вижагиҳои калимасозии назми яке аз бузургтарин намояндагони сабки ҳиндӣ Абдулқодири Бедил баррасӣ шудааст. Муоинаи назми Бедил собит месозад, ки шоир ба як қатор воҳидҳои луғавӣ, аз ҷумла, оина, обила, оташ , сар, ҳайрат, ҷунун ва ғ. таваҷҷуҳи хос дошта, аз як тараф, онҳоро зиёд ба кор мегирад, аз тарафи дигар, бо ин унсурҳои забон калимаҳои зиёди сохтаву мураккаб ташаккул медиҳад. Кӯшиш ба харҷ рафтааст, ки мақоми калимаи “ оташ ” дар созмони калимаҳои мураккаби навъи татпуруша нишон дода шавад. Собит мешавад, ки вожаи оташ вобаста ба сохтмони вожаҳои мураккаб беш аз даҳ маънӣ касб намуда, бо қолаби [исм + асоси замони ҳозираи феъл] вожаҳои мураккаб бештар ба бор овардааст.

Сведения

Опубликовано
2023 · Т. 95, № 2
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Узбекский
ISSN
2413-2004 · 3005-849X
Издатель
ТГУПБП