Central AsianResearch Index

МАВҚЕИ ВОЖАҲОИ ТОҶИКӢ ДАР БУНЁДИ КАЛИМАҲОИ НАВ

Мавқеи вожаҳои тоҷикӣ дар бунёди калимаҳои нав баррасӣ гардида, дар асоси маводи аз ду забони решаи умумӣ дошта гирдоварда хусусиятҳои пасвандҳои калимасоз ба риштаи таҳлил кашида шудааст. Дар натиҷаи таҳлил маълум гардид, ки дар забони тоҷикӣ шумори зиёди иқтибосҳои англисӣ мавҷуд мебошад, ки онҳо дар худи забони асл аз ҷиҳати сохтор гуногун: сода, сохта, мураккаб ҳастанд, вале баъди ба таркиби луғавии забони тоҷикӣ дохилгардияшон ҳамчун вожаҳои сода пазируфта мешаванд. Таҳлил ва қиёси маводи гирдомада нишон медиҳад, ки иқтибосҳои англисии дар таркиби луғавии забони тоҷикӣ мавҷуда бо иддае аз пасвандҳои калимасоз ва вожаҳои мустақилмаънои тоҷикӣ ҳамроҳ шуда, як силсила калимаҳои сохтаву мураккаб ва тарзи омехтаро ба вуҷуд овардаанд.

Сведения

Опубликовано
2022 · Т. 90, № 1
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2413-2004 · 3005-849X
Издатель
ТГУПБП