МАВҚЕИ ВОЖАҲОИ ИҚТИБОСИИ ТУРКӢ-МУҒУЛӢ ДАР ОСОРИ ҲОҶӢ ҲУСАЙНИ КАНГУРТӢ
Мақолаи мазкур ба таҳқиқи нақш ва мавқеи иқтибосоти туркӣ-муғулӣ дар эҷодиёти шоири тоҷики нимаи дуюми асри XIX – ибтидои асри XX Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ бахшида шудааст. Дар кор масъалаи таъсири мутақобилаи забонҳо ва калимаҳои иқтибосӣ, ки аз робитаҳои таърихӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ, бахусус дар замони ҳукмронии сулолаи Манғит дар Аморати Бухоро ба вуҷуд омадаанд, таҳлил карда мешавад. Муайян гардид, ки ҳарчанд асоси таркиби луғавии забони тоҷикиро калимаҳои иқтибосии арабӣ ташкил медиҳанд, дар осори Кангуртӣ, инчунин дар забони давраи маорифпарварӣ, истифодаи вожаҳои туркӣ-муғулӣ мушоҳида мегардад. Ин ҳолат ҳам аз наздикии забонӣ бо қавмҳои туркзабон ва ҳам аз зарурати сода намудани забони адабӣ барои оммаи васеи мардум ба миён омадааст. Муаллиф теониму топонимҳо ва истилоҳоти идории давлатиро, аз қабили иноқ, қадоқ, қӯш, тамға, туғро, урду ошкор намуда, маънои луғавӣ, сохтори грамматикӣ ва фаъолияти онҳоро дар заминаи мероси назмию насрии Кангуртӣ таҳлил мекунад.
Сведения
- Опубликовано
- 2025 · № 4 (117)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2219-5408
- Издатель
- Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни