Central AsianResearch Index

МАВҚЕИ ТЕОНИМҲО ДАР «ХАМСА»-И НИЗОМИИ ГАНҶАВӢ

Мақолаи мазкур ба таҳлили номвожаҳои илоҳӣ — теонимҳо — дар маҷмуаи панҷгонаи «Хамса» -и Низомии Ганҷавӣ бахшида шудааст. Муаллиф номҳои серистеъмоли Худо чун Оллоҳ, Худо, Эзид (Эзад) ва Яздонро мавриди омӯзиш қарор дода, хусусиятҳои таърихӣ ва маънавии онҳоро дар заминаҳои динӣ ва адабӣ мавриди баррасии муқоисавӣ қарор медиҳад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки як қисмати ин номҳо пеш аз густариши ислом дар сарзаминҳои Эронзамин ва Осиёи Марказӣ дар дохили ҷаҳонбинии динҳои қадим, бахусус зардуштӣ ва монавия, ҳамчун номҳои воҳиди олии илоҳӣ корбурд мешуданд. Бо омадани ислом, ин номҳо ба маънии ягонаи Худо дар иртибот бо тафсири тавҳидӣ дар Қуръон ва адабиёти тасаввуфӣ таҳким ёфтанд. Дар осори Низомӣ, истифодаи ин теонимҳо на танҳо шакли эҳтиромона ва илтифот ба Худовандро нишон медиҳад, балки як омили бадеӣ ва семиотикиро ташкил медиҳад. Шоир бо маҳорат тавонистааст, ки ҳар як теонимро вобаста ба мақому мавқеи матн истифода бурда, маънои фалсафӣ ва ахлоқӣ ба он бахшад. Мақола ба хулосае мерасад, ки номҳои зикршуда на танҳо арзиши луғавӣ доранд, балки рамзҳои фарҳангиву таърихӣ низ ба шумор мераванд. Онҳо ба хонанда имконият медиҳанд, ки равандҳои табдили тасаввуроти динӣ ва истилоҳоти илоҳиро дар адабиёти форс-тоҷикӣ аз назари таърихию забоншиносӣ пайгирӣ кунад. Ҳамин тариқ, таҳқиқи мазкур равзанаи тозае барои фаҳми баланди шеъри ирфонӣ ва ифодаҳои илоҳии адабиёти асрҳои миёна фароҳам месозад.

Сведения

Опубликовано
2025 · № 4 (117)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2219-5408
Издатель
Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни