Central AsianResearch Index

МАВҚЕИ ТАРТИБИ КАЛИМА ДАР ТАҶЗИЯИ АКТУАЛИИ ҶУМЛА

Муаммои тартиби калима яке аз муаммоҳои муҳими синтаксисии ҳар як забон маҳсуб меёбад. Тартиби калима дар ҷумлаҳои забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ мухталиф буда, аз бисёр ҷиҳат тафовут доранд. Дар забоншиносӣ ду навъи тартиби калимаро ҷудо мекунанд: тартиби озоди калима ва тартиби устувори калима. Дар забони англисӣ агар он устувор бошад дар забони тоҷикӣ нисбатан озод аст. Дар забони тоҷикӣ аъзоҳои ҷумла вобаста ба таҷзияи актуалӣ метавонанд ҷойҳои худро иваз намоянд. Бо вуҷуди он сараъзоҳо дар ҳар ду забон ҷои устувор доранд. Дар ин бора фарқият дар он аст, ки дар забони тоҷикӣ аъзоҳои пайрав дар байни сараъзоҳои ҷумла ҷойгир мешаванд, вале дар забони англисӣ онҳо баъд аз сараъзоҳо мавқеъ мегиранд. Аз ин бармеояд, ки омўзиши забони англисӣ барои хонандагони тоҷикзабон мушкилтар аст.

Сведения

Опубликовано
2022 · Т. 92, № 3
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2413-2004 · 3005-849X
Издатель
ТГУПБП