Central AsianResearch Index

МАВҚЕИ ТАРКИББАНД ДАР ДЕВОНИ НАЗИРИИ НИШОПУРӢ

Ҷойгоҳи таркиббанд дар Девони Назирии Нишопурӣ ба риштаи таҳқиқ кашида шудааст. Дар заминаи омӯзиши мавзӯъ исбот шудааст, ки ҳарчанд дар “Девон”-и шоир ҳамагӣ 7 таркиббанд мавҷуд аст, аммо Назирӣ дар сурудани ин навъи шеърӣ низ маҳорати тамом зоҳир карда, сабку шеваи хоси худро ба вуҷуд овардааст. Муқаррар шудааст, ки аз нигоҳи мундариҷа дар таркиббандҳои шоир масоили фалсафӣ, ахлоқӣ, иҷтимоӣ, ирфонӣ баррасӣ шудаанд, ки ба гуногунмазмунии онҳо таъкид доранд. Дар ҷараѐни баррасӣ муаллиф ба хулосае расидааст, ки дар сабки нигориши шоир муҳимтарин хусусиятҳои сабки ҳиндӣ ба чашм мерасанд, ки ҳунари баланди шоирро дар корбурди унсурҳои он ҷилвагар месозанд.

Сведения

Опубликовано
2021 · № 2 (87)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2413-2004 · 3005-849X
Издатель
ТГУПБП