Мавқеи тарҷума дар густариши равобити адабӣ
Дар мақола нақши матбуоти тоҷик дар аввали асри ХХ ва намояндагони маъруфи маорифпарварон дар рушди муносибатҳои адабӣ ва тарҷума баррасӣ карда мешавад Диққати махсус ба тарҷумаи асарҳои нависандагони маъруфи рус, ба монанди Л.Толстой, М.Горкий, А.Чехов дар саҳифаҳои аввали рӯзномаи тоҷикии " ;Бухорои шариф&# 34;, "Оина", ки бо кӯшиши маорифпарварони тоҷик, аз ҷумла Мирзо Ҷалол Юсуфзода нашр шудаанд, зоҳир карда мешавад. Муаллиф ба саҳми Мирзо Ҷалол Юсуфзод дар тарҷумаи ҳикоя ва повестҳои Лев Толстой ва дар маҷмӯъ дар рушди робитаҳои адабиёти рус ва тоҷик таваҷҷӯҳ зоҳир менамояд.Дар хулосаи мақола муаллиф натиҷагирии худро дар мавриди саҳми матбуоти тоҷики давраи маорифпарварӣ дар маҳбубияти адабиёти рус ва тавсеаи равобити адабӣ ироа намудааст.
Сведения
- Опубликовано
- 2019 · № 2 (59)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2077-4990
- Издатель
- Худжандский государственный университет имени академика Бабаджана Гафурова