Central AsianResearch Index

МАВҚЕИ СОЗМОНИ УМУМИҶАҲОНИИ САВДО ДАР САМТИ ИНКИШОФИ САВДОИ ХОРИҶИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нақши Созмони умумиҷаҳонии савдо дар рушди иқтисоди Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шудааст. Муайян карда шудааст, ки узвият дар СУС барои Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдоми бузурге дар роҳи ташаккули иқтисодиѐти рақобатпазири сатҳи байналмилалӣ гардид. Дохил гардидан ба ин созмони бонуфузи байналмилалӣ ба беҳтаршавии муҳити тиҷоратӣ, рушди иқтидори содиротии давлат, рақобатпазирии саноати ватанӣ дар муҳити тиҷоратӣ, вусъати ҳамкориҳои давлат бо бахши хусусӣ, мутобиқгардонии қонунгузории мамлакат ба меъѐрҳои байналмилалӣ мусоидат менамояд. Омӯзиш ва тадқиқи ҳамаҷонибаи раванди ворид шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони умумиҷаҳонии савдо, таъсири ин ташкилот ба муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии ҷумҳурӣ ва мавқеи он дар танзими тарифию гумрукии фаъолияти иқтисоди хориҷӣ сурат гирифтааст.

Сведения

Опубликовано
2022 · № 2 (91)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2411-1945 · 3005-8023
Издатель
ТГУПБП