Central AsianResearch Index

МАВҚЕИ РАМЗҲО ДАР СИЁСАТИ ҶАҲОНӢ: ПАРЧАМ, НИШОН, СУРУДИ МИЛЛӢ ВА ЛИБОСИ ДИПЛОМАТӢ

Мақолаи мазкур ба таҳлили мавқеи рамзҳои давлатӣ дар сиёсати ҷаҳонӣ бо таваҷҷуҳи махсус ба ҷанбаҳои эстетикии онҳо бахшида шудааст. Дар он нақши парчам , нишони давлатӣ , суруди миллӣ ва либоси дипломатӣ ҳамчун унсурҳои муҳими муаррифии давлат дар арсаи байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор мегирад. Рамзҳои давлатӣ на танҳо падидаҳои сиёсӣ ва фарҳангӣ мебошанд, балки пеш аз ҳама ҳамчун объектҳои дорои арзиши баланди эстетикӣ дар дарки зебоӣ, маъно ва образи давлат дар шуури ҷомеаи ҷаҳонӣ баромад мекунанд. Дар мақола таъкид мегардад, ки ин рамзҳо тавассути унсурҳои визуалӣ, мусиқӣ ва бадеӣ таъсири қавии эстетикӣ расонида, дар ташаккули эҳсосот, тасаввурот ва дарки зебоишиносии ҷомеаи байналмилалӣ нисбат ба давлат нақши муҳим мебозанд. Ҳамзамон, онҳо ҳамчун воситаҳои ифодаи фарҳанг ва зебоии миллӣ дар муаррифии давлат фаъолият намуда, ба ташаккули имиҷи байналмилалӣ мусоидат мекунанд. Рамзҳои давлатӣ дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ ҳамчун забони эстетикии ғайримустақим хизмат мекунанд, ки тавассути он симои зебоишиносӣ ва фарҳангии давлат интиқол меёбад. Натиҷаҳои таҳқиқ нишон медиҳанд, ки моҳияти эстетикии рамзҳои давлатӣ яке аз омилҳои муҳими таъсиррасонӣ ба дарки байналмилалии давлат ва таҳкими мавқеи он дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.

Сведения

Опубликовано
2026 · Т. 11, № 3 (соц.-гум.)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
3078-395X
Издатель
Высшая аттестационная комиссия при Президенте Республики Таджикистан