Central AsianResearch Index

МАВҚЕИ КАЛИМАҲОИ РУСӢ-БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ЭҶОДИЁТИ БАҲМАНЁР

Мавқеи калимоти русӣ-байналмилалӣ дар гуфторҳои адиб ва романи «Шоҳаншоҳ» -и Баҳманёр мавриди таҳлил қарор гирифтааст. Дар натиҷаи таснифи маъноии маводи ҷамъшуда ва таҳлилу баррасӣ муайян гардидааст, ки аксари онҳо дар таркиби луғавии забони тоҷикӣ ҳазмшуда ва аз лиҳози корбурд серистеъмол ба ҳисоб мераванд. Вежагии корбурди бамавриду нишонраси ин гурӯҳи вожаҳо дар ду шакл: 1) ба гунаи аслии воридшуда; 2) дар асоси қолаби калимасозии забони тоҷикӣ аз инкишофёбиву робитаи доимии забонҳо ва, ҳамзамон, мутобиқгардонии забони осор бо забони омма ба хотири қонеъгардонии талаботи ҷомеа ва ҷалби теъдоди бештари хонанда дарак медиҳад. Ҳамчунин, як иддаи кӯчаки чунин вожаҳо ба туфайли муодил пайдо намудан мавқеи худро дар забони адабӣ аз даст додаанд.

Сведения

Опубликовано
2023 · Т. 97, № 4
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2413-2004 · 3005-849X
Издатель
ТГУПБП