Central AsianResearch Index

МАВҚЕИ ҚИСАМТҲОИ БОЗОРИ МОЛИЯВӢ ДАР МАБЛАҒГУЗОРИИ БАХШИ ВОҚЕИИ ИҚТИСОДИ КИШВАР

Гузариш ба муносибатҳои бозорӣ зарурати таҷдид ва азнавсозии тамоми самтҳои муҳимми иқтисодиёт, аз ҷумла бозори молиявиро ба миён овард. Вобаста ба ин, дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар ба ҳам пайвастани равандҳо ва ҷараёнҳои муносибатҳои бозорӣ, васеъ паҳн шудани хизматрасониҳои муосири молиявӣ дар иқтисодиёт, ки боиси рушди иҷтимоӣ-иқтисодии мамлакат мегардад, торафт аҳаммияти бештар пайдо мекунад. Дар шароити имрӯзаи Тоҷикистон яке аз унсурҳои асосии низоми иқтисодиёти муосир рушди бахши воқеии иқтисодиёт маҳсуб меёбад, ки он дар заминаи ҳамоҳангсозии самтҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ ба вуқуъ мепайвандад мебошад. Пайваста зиёд шудани талабот маблағгузории бахши воқеӣ ва дар баробари он, зарурати дарёфти роҳҳо ва усулҳои маблағгузории ин бахши калидии кишварро тақозо менамояд. Аз ин хотир, дар мақола масъалаҳои маблағгузории бахши воқеии иқтисодиёт тавассути қисматҳои асоии бозори молиявии кишвар ва аз ҷумла бонкҳо, ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ , ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ мавриди омӯзишу таҳлил қарор дода шудааст.

Сведения

Опубликовано
2022 · № 2.1 (31)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2663-0389
Издатель
Таджикский государственный финансово-экономический университет