МАВҚЕИ ҒАЗАЛ ДАР АШЪОРИ ҒИНОИИ ФАЙЗИИ ДАКАНӢ
Файзии Даканӣ (1547-1597) аз донишмандон ва адибони сермаҳсули адабиёти форсизабони Ҳиндустон маҳсуб ёфта, дар замони ҳукмронии Муҳаммад Ҷалолуддини Акбаршоҳ (ҳукмронӣ солҳои 1556-1605 дар Агра) зиндагӣ ва эҷод намудаасту барои баъдинагон мероси гаронмояи манзуму мансур, рисолаҳои илмӣ, чанд тарҷума аз санкскрит ва ҳиндӣ ба забони форсии тоҷикӣ ба мерос гузоштааст, ки иддае то замони мо омада нарасидаанд. Дар байни осори адиб дар баробари қасоид, рубоиёт, таркиббанду тарҷеъбандҳо ғазал мавқеи аввалро ишғол менамояд. Дар мақола доир ба мазмуну мундариҷаи ғазалиёти Файзии Даканӣ сухан меравад. Инчунин аз шиносоӣ бо ашъори Файзии Файёзи Даканӣ бармеояд, ки мавзуи асосӣ ва аввалиндараҷаи ғазалиёти Файзии Даканиро, чун дигар шоирони пешини ғазалсарой, ишқу муҳаббат, андешаҳои иҷтимоӣ ва зебоишиносӣ, ки аз мавзуъҳои муҳимми ҳаётист, дар бар мегирад.
Сведения
- Опубликовано
- 2025 · № 1 (114)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2219-5408
- Издатель
- Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни