МАВҚЕИ АУГМЕНТ ДАР ФЕЪЛҲОИ ПЕШВАНДИ НАДОШТАИ ЗАБОНИ ЯҒНОБӢ
Мавқеи аугмент дар мобайни пешванди нава решаҳои феълии забони яғнобӣ мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст. Ишора гардидааст, ки унсури ёвари надар аксарият забонҳои ҳиндуаврупоӣ мавҷуд буда, вазифаҳои ҳиссачаи инкорӣ, ҳиссаҳои номӣ ва феълиро иҷро мекунад. Дар забони яғнобӣ бошад он ягона пешвандест, ки ба феъл ҳамроҳ шуда, шакли инкорӣ (манфӣ) месозад ва иҷро нагардидани амалу ҳолатро фаҳмонида, дорои гунаҳои нева нимебошад. Пешванди наҳамчун пешванди шаклсози феълӣ ба чанд гуна он дар гӯишҳо мушоҳида мегардад. Чунончи, худи пешванди набештар дар гӯиши шарқӣ ва гунаҳои нива недар гӯиши ғарбӣ истифода мешаванд. Агар аугмент баъди пешванди наояд, он гоҳ андак дароз талаффуз карда мешавад: наáҷах (нахест). Гунаҳои нева нидар гӯиши ғарбӣ истеъмол шуда, онҳо дар аввали шаклҳои замони гузаштаи феъл омада, мавқеи аугментро то дараҷаи хориҷгардӣ танг мекунанд: нежой (нахонд), нишав (нарафт).
Сведения
- Опубликовано
- 2024 · Т. 98, № 1
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2413-2004 · 3005-849X
- Издатель
- ТГУПБП