МАВҚЕИ АУДИТ ДАР НИЗОМИ НАЗОРАТИ МОЛИЯВИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Назорати молиявӣ шакли асосии идоракунии молия, соҳаи асосии назорат ва амалҳои назоратӣ оиди истифодаи самараноки захираҳои молиявӣ дар тамоми зерқисматҳои сохтори иқтисодии давлат ба ҳисоб меравад. Он баҳри тафтиши амалиётҳои ҳоҷагӣ ва молиявӣ, ба таври қонунӣ амаликунии онҳо, мақсаднокии иқтисодӣ ва расидан ба натиҷаҳои интиҳоии мусбӣ равона шудааст. Дар мақола муаллиф ба яке аз унсурҳои асосии назорати молиявӣ , аудит , таваҷҷуҳ зоҳир намуда, оиди мавқеи аудит дар низоми назорати молиявии мамлакат таҳқиқот бурдааст. Муайян карда шудааст, ки нақши аудит дар шароити иқтисоди бозорӣ барои таъмини самаранокии фаъолияти корхонаву ташкилотҳо муҳим мебошад. Ҷиҳати арзёбии фарқияти аудит аз тафтиш хусусиятҳои алоҳидаи фарқкунандаи онҳо омӯхта ва тасниф шуда, доираи санҷиши аудиторӣ, ваколатҳои мақоми танзимотӣ ва танзими аудит мавриди таҳлил қарор гирифтаанд.
Сведения
- Опубликовано
- 2024 · № 4.1
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2663-0389
- Издатель
- Таджикский государственный финансово-экономический университет