Central AsianResearch Index

МАВҚЕЪ ВА КОРБУРДИ ВОЖАҲОИ СУҒДӢ ДАР ЛАҲҶАИ МАСТЧОҲ

Дар ин мақола сухан аз боби вижагиҳои субстрати суғдии мустаъмал дар лаҳҷаи Мастчоҳ меравад. Минтақаи Мастчоҳ, ки дар гузашта ҷуғрофиёи густариши забони суғдӣ ба ҳисоб мерафт, дар худ то ба имрӯз бисёр хусусиятҳои умдаи ин забонро маҳфуз доштааст. Дар лаҳҷаҳои болооби Зарафшон, бавижа гӯйиши тоҷикони Мастчоҳ вожаву истилоҳоти куҳанбунёду таърихиеро, ки бархе аз онҳо дар осори суғдӣ ва адабиёти классикӣ ба мушоҳида мерасанд, метавон пайдо кард. Аз ин лиҳоз ин навъи вожаву истилоҳот аз нигоҳи ифодаи маъно, ба ҷуз аз мавридҳои ҷудогона, аз луғоти матнҳои суғдӣ он қадар тафовут дида намешавад. Аз ин рӯ, баъзе аз калима ва истилоҳоти лаҳҷаи ин мардуми куҳистонро метавон ҳамчун идома ва ё думболаи луғоти суғдӣ маънӣ кард.

Сведения

Опубликовано
2025 · № 3 (116)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2219-5408
Издатель
Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни