Central AsianResearch Index

МАВҚЕЪ ВА АҲАМИЯТИ МЕЪЁРҲОИ ТАРИФӢ ДАР НИЗОМИ ХИЗМАТРАСОНИҲОИ СУҒУРТАИ ҲАЁТ

Дар мақола моҳият ва таркиби меъёрҳои тарифи ва нақши онҳо дар суғурта оварда шудааст. Тарифи суғурта (брутто меъёр) ин меъёри мукофотпулии суғурта аз намуди алоҳидаи маблағи умумии суғурта буда, дар асоси он мукофотпулии суғурта ҳисоб карда мешавад. Қайд карда мешавад, ки тарифи суғурта аслан аз нетто-меъёр , ки он барои ташаккули фонди суғурта таъин шудаанд, барои пардохтҳо ва дигар пардохти сарбориҳои суғуртакунанда таъин шудаанд, ки хароҷотҳои суғуртакунандаро пушонад, сафарбар карда мешавад. Таъкид мешавад, ки дар шароити иктисоди бозор ташкилоти сугуртавӣ, ба воситаи меъёри тарифӣ мукофотпулии суғурта ҳисоб карда мешавад, ҳамзамон аъзоҳақии суғурта ҳисоб карда мешавад, ки онро суғурташаванда ба суғуртакунанда пардохт менамояд.

Сведения

Опубликовано
2024 · № 2.1 (41)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2663-0389
Издатель
Таджикский государственный финансово-экономический университет