Central AsianResearch Index

“МАЦМА Ъ-УН-НАФОИС” -САРЧАШМАИ НАҚДУ СУХАНСАНҶИ

“Маҷмаъ-ун-нафоис” тазкираи арзишманди форсист, ки ба қалами шоир ва нависандаи маъруфи асри XVIII Ҳиндустон Сироцуддиналихони Орзу тааллуқ дошта, роцеъ ба 1750 суханвари форсигӯи қадим ва мутааххири форсу тоцик маълумот медиҳад. Арзиши аслии тазкира дар он аст, ки қисмати густардаи онро шарҳи ҳоли суханварони муосири Орзу ташкил медиҳад ва маълумоте, ки муаллиф дар тазкираи хеш сабт намудааст, дар заминаи муносибат ва муошират бо ин адибон дар мацолиси баҳсу нақд ва шеърхонӣ ба цалам омада ва муаллиф аҳволи онҳоро муфассалтар аз шуарои қадим баён кардааст. Дар гузиниши намунаи осори шоирон Сироцуддиналихони Орзу завқи шеърии худро ба гунае ба намоиш гузоштааст, ки дар тазкира метавон гулчине аз ашъори ҳунарӣ ва нагзи форсиро якцо дид. Никоти интиқодии муаллиф дар заминаи тасҳеҳи шеър, нақди шеър, таъйини рутбаи шеъри шоирон ва дарацаи суханварии онон ва г. далолат бар он мекунад, ки Орзу дидгоҳҳои интиқодии хешро муфассал ва бо далелҳои мустанад баён кардааст, ки қудрати ташхиси ӯро дар шеършиносӣ ва дақоиқи шеъри форсӣ собит менамояд. Бар ин вацҳ аст, ки “Мацмаъ-ун-нафоис” даррадифи беҳтарин тазкираҳои форсӣ ваманбаъҳои аслии нақди адабии форсӣ дар асри XVIII қарор дорад ва дар навъи худ бисёр арзишманд аст. Дар мақола назарҳои интиқодии соҳиби тазкира ба ҳайси адабиётшиноси сухансанц ва маънишинос мавриди таҳлилу баррасӣ қарор ёфтаанд.

Сведения

Опубликовано
2020 · № 4 (85)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2413-2004 · 3005-849X
Издатель
ТГУПБП