МАСОИЛИ ВАТАНДӮСТӢ ДАР МАНЗАРАҲОИ РОМАНИ "ВОСЕЪ"-И СОТИМ УЛУҒЗОДА
Имрӯз омӯзиши таъриху фарҳанги миллӣ ба хотири таҳкими Истиқлоли давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва сулҳу суббот муҳим ва зарур мебошад. Дар густариши худшиносиву худогоҳӣ асарҳои мондагори адибони шинохтаи тоҷик нақши муассир дорад. Ба табъ расидани романи « Восеъ »-и Сотим Улуғзода дар ҳаёти фарҳангию адабии мардуми тоҷик ҳодисаи фараҳбахш мебошад. Зеро романи « Восеъ » махсусан дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон, ки барои ҷомеаи он худшиносии миллӣ аҳамияти муҳимми иҷтимоӣ пайдо кардааст, маъруфияти бештаре касб намуд. Дар таърихи адабу фарҳанги саддаи ХХ адибе, ки баъд аз устод Айнӣ дар инъикоси бадеии таърихи халқи тоҷик, масоили миллӣ, худшиносию худогоҳӣ, ғаму дард, шодию нишот ва бурду бохти миллат саҳми арзанда дорад, Сотим Улуғзода мебошад. Ин масъалаҳо дар образи қаҳрамонҳои романи « Восеъ » ва воқеаҳои таърихии он тавассути эҷоди манзараҳои ҷазоб хуб дарҷ гардидааст. Мутолиа кардан, омӯхтан ва ба таҳқиқ гирифтани нақши Восеи диловар, ки баҳри озодию истиқлолияти халқу Ватанаш ҷонбозиҳо кардааст, дар давраи Тоҷикистони соҳибистиқлол ниҳоят зарур аст ва он дорои аҳамияти калони эстетикӣ ва маърифатию тарбиявӣ, хусусан, ватандӯстиву худшиносӣ мебошад...
Сведения
- Опубликовано
- 2025 · № 1
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 3105-9228
- Издатель
- Комитет по начальному и среднему профессиональному образованию при Правительстве Республики Таджикистан