МАСОИЛИ РУШДИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Мақолаи мазкур ба масоили рушди маърифати ҳуқуқии хизматчиёни давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Махсусан дар матни мақола қайд карда мешавад, ки маърифати ҳуқуқӣ фаъолияти мақсадноку мунтазами давлат ва ҷомеа оид ба ташаккулу баланд бардоштани шуури ҳуқуқӣ ва фарҳанги ҳуқуқӣ бо мақсади мубориза бо нигилизми ҳуқуқӣ, таъмини ҷараёни ташаккули маънавии шахсият мебошад, ки бидуни онҳо ҷараёни татбиқи ғояҳои таъсиси давлати ҳуқуқбунёд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон номумкин аст. Тадқиқоти илмии мазкур маҳз ба масоили мубрами муосир, яъне баъзе аз камбудиҳо ва нуқсонҳои такомул ва рушд наётани марифати ҳуқуқии бархе аз хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шудааст. Аз ин лиҳоз, пешниҳод мегардад, ки назорати риояи ҳуқуқҳои хизматчиёни давлатӣ бояд ба зимаи роҳбарияти мақомоти ҳокимияти иҷроия ва ҷузъу томҳои онҳо, мақомоти дахлдори салоҳиятдор ва мақомоти судӣ гузошта шавад. Чорабинии мазкур имконияти фарохро ба вуҷӯд меорад, ки тавассути он сатҳи ташаннуҷи иҷтимоии мақомоти дахлдор таҳти назорат гирифта шавад.
Сведения
- Опубликовано
- 2024 · № 2.1 (41)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2663-0389
- Издатель
- Таджикский государственный финансово-экономический университет