Central AsianResearch Index

МАСОИЛИ НАЗАРИЯВИЮ АМАЛИИ ФОНДИ НАФАҚА ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар мақола масоили назариявию амалии фонди нафақа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст. Аз нуқтаи назари муаллифон, масъалаҳои суғуртаи иҷтимоӣ сол то сол рушд карда истодааст, аммо баъзе аз масъалаҳое, ки монеаи мунтазам рушд кардани соҳа мегарданд, низ вуҷуд доранд. Мушкилоти асосӣ ҷой доштани пинҳонкорӣ дар раванди баҳисобгирии омории шумораи кормандон ба ҳисоб рафта, ин ҳолат имкон намедиҳад, ки ҳолати таъминоти шуғлнокии аҳолӣ ва вазъи воқеии пардохти музди меҳнати кормандон баҳогузорӣ карда шавад. Илова бар ин, шумораи бақайдгирифташудаи нафақахӯрон аз шумораи кормандони маошгиранда зиёд мебошад. Аз нуқтаи назари муаллифон, ҷиҳати ҳавасмандгардонии субъектҳои соҳибкорӣ бобати пурра ба ҳисоботи оморӣ ворид намудани шумораи кормандон ва ба ин васила, таъмин кардани воридоти ҳаҷми зарурии маблағҳо ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа баҳри таъмини нафақахӯрон бо нафақаи арзанда бояд дар самти оптимизатсияи андозу андозбандӣ корбарӣ ҷоннок карда шавад.

Сведения

Опубликовано
2021 · № 1 (25)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2663-0389
Издатель
Таджикский государственный финансово-экономический университет