МАСОИЛИ МУБРАМИ РУШДИ ШАРИКӢ МИЁНИ МАҚОМОТИ АНДОЗ ВА АНДОЗСУПОРАНДАГОН
Ҷанбаҳои назариявии рушди шарикии судманд байни мақомоти андоз ва андозсупорандагон ва арзёбии он мавриди баррасӣ қарор дода шудааст. Мазмуни шарикӣ байни субъектҳо шарҳу тавзеҳ ёфтааст. Зарурати иқтисодӣ ва иҷтимоии тавсеаи шарикӣ дар асоси нишондодҳои динамикӣ таҳқиқ ва таҳррезӣ карда шудаааст. Масъалаи баландбардории самаранокии маъмурикунонии андози минтақавӣ аз мавқеи буҷети минтақа баррасӣ карда шудааст. Дар доираи таҳқиқ ба рушди маъмурикунонии андоз ва ба сатҳи сифатан нави робитаҳои байни мақомоти андоз ва андозсупорандагон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир гардидааст. Хулоса шудааст, ки тавсеаи шарикӣ дар соҳаи андоз дар самти пешбурди муносибатҳо, коҳиш додани хароҷот, такмили маъмурикунонии андоз ва баланд бардоштани сатҳу ҷамъоварии андоз ба такмил ниёз дорад.
Сведения
- Опубликовано
- 2023 · Т. 96, № 3
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2411-1945 · 3005-8023
- Издатель
- ТГУПБП