МАСЪАЛАИ ТАҲСИЛОТИ ФАРОГИР ДАР ТОҶИКИСТОН (ДАР МИСОЛИ КӯДАКОНИ СУСТБИН ВА НОБИНО)
Мақолаи мазкур ба таҳлили масъалаи таҳсилоти фарогир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон , махсусан дар мисоли кӯдакони сустбин ва нобино, бахшида шудааст. Дар асоси таҳқиқоти сотсиологӣ вазъи дастрасӣ ба таҳсилоти миёнаи умумӣ барои ин гурӯҳи иҷтимоӣ мавриди баррасии амиқ қарор гирифта, мушкилоти асосии иҷтимоӣ, педагогӣ ва инфрасохторӣ ошкор карда мешаванд. Таърихи ташаккули таҳсилоти кӯдакони дорои нуқсонҳои биноӣ, аз фаъолияти Валентин Гаюи оғоз ёфта, то таҷрибаи муосири байналмилалӣ ва миллӣ таҳлил гардидааст. Муаллиф нишон медиҳад, ки новобаста аз пешрафтҳои назаррас дар татбиқи сиёсати давлатии таҳсилоти фарогир , аз ҷумла қабули консепсияҳо ва афзоиши фарогирии кӯдакони имконияташон маҳдуд ба таҳсил, як қатор мушкилоти ҷиддӣ, аз қабили норасоии воситаҳои махсуси таълимӣ (Брайл, тифлотехника), сатҳи пасти омодагии омӯзгорон, монеаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, ҳамчунин маҳдудияти муҳити дастрас боқӣ мемонанд. Дар мақола инчунин натиҷаҳои мушоҳида ва мусоҳибаҳо бо омӯзгорон, волидон ва худи хонандагон пешниҳод шуда, зарурати такмили сиёсати давлатӣ, таҳияи барномаҳои махсуси таълимӣ ва баланд бардоштани сатҳи дастгирии иҷтимоӣ асоснок карда мешавад. Хулоса карда мешавад, ки рушди самараноки таҳсилоти фарогир танҳо дар шароити ҳамоҳангии сиёсати давлатӣ, омодагии касбии омӯзгорон ва фароҳам овардани муҳити воқеан дастрас имконпазир мебошад.
Сведения
- Опубликовано
- 2026 · № 1
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 3105-9228
- Издатель
- Комитет по начальному и среднему профессиональному образованию при Правительстве Республики Таджикистан