МАСЪАЛАИ ИДРОКИ МАТНИ БАДЕӢ
Мақолаи ҳозир ба масъалаи идроку дарки матни бадеӣ бахшида шуда, дар он нозукиҳои дарёфти маъно ва мафҳуму мундариҷаи матн матраҳ шудаанд. Табиист, ки донистану воқиф будан аз фарҳангу маданияти мардум барои идроки матн мавқеи калидиро мебозад, чунки дар паси ҳар як вожаи он махсусиятҳои хосси миллату фарҳанг метавонад муҷассам гардад. Ҳамчунин хонанда ҳини мутолиа фарҳангу маданият, мафкураву идеология, ниҳоду маниш, фалсафаю шуури муаллиф , ҳиссиёту таассурот ва дарду алами шоир ё нависанда, инчунин муносибати ӯро нисбат ба даврону ҷаҳон бояд ба мулоҳиза гирад. Дар мақола барои намуна аз «Бӯстон»-у «Гулистон» мисолҳо дода шудааст, ки хусусиятҳои фавқуззикр ба инобат гирифта шудааст.
Сведения
- Опубликовано
- 2025 · № 3
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 3105-9228
- Издатель
- Комитет по начальному и среднему профессиональному образованию при Правительстве Республики Таджикистан