МАСЪАЛАҲОИ ТАЪМИНИ МОЛИЯВИИ РАВАНДҲОИ ТАКРОРИСТЕҲСОЛОТ ДАР СОҲАИ КИШОВАРЗӢ
Дар мақола масъалаҳои таъмини молиявии равандҳои такрористеҳсолот дар соҳаи кишоварзӣ мариди омўзиш ва баррасӣ қарор дода шудаанд. Кишоварзӣ яке аз соҳаҳои калиди иқтисодиёти миллӣ ба ҳисоб меравад. Зеро, дар соҳаи мазкур қисми бештари аҳолии қобили меҳнат ба шуғл фаро гирифт шудаанд ва масъали таъмини амнияти озуқаворӣ дар мамлакат маҳз тавассути соҳаи мазкур метавонад ҳалли худро ёбад. Бинобар ин солҳои охир рушди соҳаи кишоварзӣ дар баробари дигар соҳаҳои иқтисодӣ аҳамияти бештар касб менамояд. Вале дар ин самт якчанд муаммоҳои рушди соҳаро боздоранда мавҷуд мебошанд, ки бояд ҳалли худро ёбанд. Яке аз муаммоҳои асосии бахши кишоварзии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин сатҳи пасти таъмини молиявии он ба ҳисоб меравад. Дар доираи таҳқиқот манбаҳои молиявии такрористеҳсолоти соҳаи кишоварзӣ муайян карда шуда, муаммоҳои дарёфти онҳо асоснок карда шудааст. Муаммоҳои асосии дар таъмини молиявии такрористеҳсоли соҳаи кишоварзӣ инҳо ба ҳисоб мераванд: баланд будани фоизи қарзҳои бонкӣ, нокифоягии сармояи гардони худӣ, паст будани нархи маҳсулоти кишоварзӣ, хароҷотғунҷогии истеҳсолот дар соҳа, паст будани фаъолнокии инвеститсионӣ , нокифоягии дастгирии давлатии соҳа, номукаммалии низоми суғурта ва ғ. Ҳамзамон дар таҳқиқот роҳҳои бартараф намудани муаамоҳои таъмини молиявии раванди такрористеҳсол дар соҳаи кишоварзӣ тавассути андешидани як қатор чораҳо муайян карда шудааст.
Сведения
- Опубликовано
- 2024 · № 3 (42)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2663-0389
- Издатель
- Таджикский государственный финансово-экономический университет