МАСЪАЛАҲОИ ТАҲКИМИ ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ ДАР ШАРОИТИ ТОҶИКИСТОНИ МУОСИР
Мамониятҳо дар роҳи ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва омилҳои таҳкимбахши он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шудааст. Зикр мегардад, ки Тоҷикистон дар роҳи бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд қарор дошта, ин раванд дар кишвар бо ташаккул ва инкишофи ҷомеаи шаҳрвандӣ алоқамандии зич дорад. Дар кишвар асосҳои меъёрии ҳуқуқии ҷомеаи шаҳрвандӣ ташаккул ёфта, як қатор ниҳодҳои ғайридавлатӣ, аз ҷумла, ташкилоҳои ҷамъиятӣ, касбӣ, эҷодӣ, динӣ, занону ҷавонон ва ҳизбҳои сиёсӣ таъсис ёфта, дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодӣ фаъолона иштирок менамоянд. Новобаста аз ин, дар ин самт норасоиҳо ва камбудиҳое ҷой доранд, ки барои инкишофи мавзуни ҷомеаи шаҳрвандӣ монеа эҷод менамоянд. Аз нуқтаи назари муаллиф роҳи тайкардаи таърихии давлат ва ҷомеа, надоштани таҷрибаи кофӣ дар давлатдорию давлатсозии демократӣ, дараҷаи пасти фаъолнокии ҷомеа, вазъи иҷтимоию иқтисодии кишвар, мушкилоти таъминоти молиявии ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамчун омилҳои монеашаванда дар рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон шинохта шудаанд.
Сведения
- Опубликовано
- 2022 · № 3 (92)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2411-1945 · 3005-8023
- Издатель
- ТГУПБП