Central AsianResearch Index

МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИЁТИ РАҚАМӢ

Масъалаҳои ташаккул ва рушди иқтисодиёти рақамӣ мавриди омӯзиш ва таҳқиқ қарор дода шудааст. Асоснок карда шудааст, ки яке аз унсурҳои асосии ташаккули иқтисодиёти рақамӣ технологияҳои рақамӣ ба ҳисоб меравад. Ҷиҳати татбиқи технологияҳои рақамӣ , бунёди системаҳои пуриқтидори рақамӣ ва дар ин замина ба вуҷуд овардани низомҳои ягонаи электронӣ, ки аз ҷузъҳои марказии иқтисодиёти рақамӣ маҳсуб меёбад, дар асоси назарияҳои илмӣ, таҷрибаи пешоҳанги хориҷӣ тавсияҳои илман асоснок пешниҳод карда шудааст. Қайд гардидааст, ки ташаккули иқтисодиёти рақамӣ танҳо бо истифодаи технологияҳои рақамӣ маҳдуд намешавад ва барои тезонидани раванди зикргардида ҷалби сарчашмаҳои молиявӣ, мутахассисони ихтисосманди соҳаҳои рақамӣ, инчунин танзими механизми қарзию молиявӣ, андозӣ ва коркарди маҳсулоти нави рақамӣ тақозо карда мешавад. Таъкид гардидааст, ки барои рушди саривақтии иқтисодиёти рақамӣ таҷдиди инфрасохтори алоқа ва бо интернети баландсуръат таъмин намудани субъектҳои хоҷагидорӣ муҳим ва саривақтӣ мебошад.

Сведения

Опубликовано
2023 · Т. 95, № 2
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2411-1945 · 3005-8023
Издатель
ТГУПБП