Central AsianResearch Index

МАСЪАЛАҲОИ НАЗАРИЯВИИ ҚАРЗДИҲИИ ХУРД ДАР ШАРОИТИ МУОСИР

Дар шароити имрӯзаи хоҷагидорӣ қарздиҳии хурд яке аз механизмҳои асосӣ ва фаъолгардонии бахши истеҳсолот дар сатҳҳои гуногун ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз, дар сатҳи зарурӣ таҳқиқ намудани масъалаи мазкур яке аз шартҳои асосии таҳқиқоти анҷомдодаи муаллиф маҳсуб меёбад. Вобаста ба ин, дар мақола ҷанбаҳои асосии назариявӣ ва бартариҳои низоми қарздиҳии хурд барои низоми қарзии кишвар ва дар маҷмуъ, иқтисодиёт ифшо гардидаанд. Бо сабаби оне, ки тамоюлҳо ва мушкилоти асосии фаъолияти ташкилотҳои қарзии хурд, инчунин самтҳои рушди минбаъдаи фаъолияти ташкилотҳои қарзии хурд бо назардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ ва воқеияти ҷории иқтисодӣ пешниҳод гардидаанд, дар заминаи ин, масъалаҳои назариявии қарздиҳии хурд аз тарафи муаллиф мавриди баррасӣ қарор дода шудааст.

Сведения

Опубликовано
2023 · № 1 (35)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Узбекский
ISSN
2663-0389
Издатель
Таджикский государственный финансово-экономический университет